Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ВА «РЕГАР-ТАДАЗ» БОЗИИ АВВАЛРО БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ РОҲХАТ БА ФИНАЛИ ҶОМ ДОИР НАМУДАНД

25.09.2024 01:30

Рақобати ду дастаи серҷоизатарини чемпионати мамлакат бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи футболбозони шаҳри Турсунзода ба поён расид.

Барандаи роҳхат ба финали Ҷоми кишвар дар бозии ҷавобии дастаҳо муайян мегардад. Бозии ояндаи худро «Истиқлол» санаи  1 октябр баргузор менамояд.  Дар ин рӯз тими пойтахт дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар шаҳри Исфаҳон бо дастаи «Сипоҳон» вориди майдон мегардад. 

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2024
МАРҲИЛАИ НИМНИҲОӢ. БОЗИИ АВВАЛ

«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 0:2
Голҳо
: Ҷозеф Феумба, 26 (0:1).  Квадво  Фримпонг, 55 (0:2). 
«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Кейта Сузуки (Шервони Мабатшоев, 46), Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Мэтю Миллар (Табрез Исломов, 79), Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе (Мурило Соуза, 46), Алишер Ҷалилов, Франческо Марҷиотта (Руслан Хайлоев, 46), Димитар Митков (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов. 
Корти зард:  Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев,  Мурило Соуза  («Истиқлол»), Саидмухтор Азимов, Ҷозеф Феумба, Мануэл Пани, Аквае Бортей («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Мануэл Пани («Регар-ТадАЗ»).
Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кушониён).
Комиссари бозӣ: Суҳроб Қаландаров (Бохтар).
24 сентябр. Душанбе, варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/28117

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2024. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj