Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ҶОМИ «ҶАВОНӢ»-2023 ОҒОЗ МЕГАРДАД

01.07.2023 20:49

Лигаи футболи Тоҷикистон дар таътили тобистона барои дастаҳои ҷавонони лигаи олии чемпионати Тоҷикистон бори дуюм мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ»-ро баргузор мекунад.

Фонди ҷоизавии Ҷоми «Ҷавонӣ» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа бо 30 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ғолиби феълии мусобиқот тими ҷавонони «Истиқлол», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд, мебошад.

 Натиҷаи қуръакашии Ҷоми «Ҷавонӣ»-2023:
 Гурӯҳи «А»: «Ҳосилот», «Файзканд», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ».
 Гурӯҳи «В»: «Хуҷанд», «Хатлон», «Куктош».
 Гурӯҳи «В»: «Истиқлол», «Равшан», КМВА.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj