«Истиқлол» бо «Факел» қувваозмоӣ намуд
23.02.2023 20:51
Дастаи «Истиқлол», ки дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия қарор дорад, бозии дуюми санҷишии худро бо дастаи «Факел»- Русия баргузор намуд.
Ин вохурӣ, ки дар шаҳраки Белеки Анталия доир гардид, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи футболбозони рус ба анҷом расид.
Бозии навбатии санҷишии «Истиқлол» 27 феврал баргузор мегардад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) - «Факел» (Воронеж, Русия) - 0:3
Голҳо: Михай Леко, 17 худгол (0:1). Руслан Магал, 37 (0:2). Кирилл Суслов, 84 (0:3).
«Истиқлол»: Рустам Ятимов, Сайёди Ковусшо (Алиҷон Кароматуллозода, 46), Табрез Исломов (Сиёвуш Асроров, 60), Михай Леко (Ҳайдар Сатторов, 70), Марко Перкович (Седрик Гогуа, 46), Муҳаммад Қодири (Идрис Амину, 60), Алишер Ҷалилов, Эхсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 70), Далер Имомназаров Ромиш Насруллозода, 46), Шервони Мабатшоев, Андрей Панюков (Манучеҳр Ҷалилов, 46).
23 феврал. Белек (Туркия).