Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» - ҚАҲРАМОНИ ДАҲКАРАТАИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН

01.11.2023 23:32

Дорандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол «Истиқлол»-и Душанбе соли дуюм паиҳам ва дар умум бори даҳум Ҷоми мамлакатро ба даст овард.

Дар вохурии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Кулоб доир гардид, пешсафи чемпионат дастаи «Равшан»-ро мағлуб намуд. Дар вақти асосии бозӣ ва ду қисми иловагӣ ғолиб муайян нагардид. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони пойтахт бо ҳисоби 4:2 дастболо гаштанд.. Беҳтарин боҳингари бозии финали дарвозабон Рустам Ятимов дониста шуд. Пас аз анҷоми бозӣ бо иштироки роҳбарияти Федератсияи футбол ва Лигаи футболи Тоҷикистон маросими супоридани медалҳо ва Ҷоми кишвар доир гардид..

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023
ФИНАЛ

«Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 1:1 (аз руи пеналти 4:2).
Голҳо:
Ҷозеф Акомади, 100 (0:1). Содиқҷон Қурбонов, 105+2 (1:1)..
Силсилаи зарбаҳои пеналти: Артур Карташян (1:0). Холмурод Назаров - 1:1. Аҳтам Назаров - 2:1. Айдан Окран - 2:2. Шаҳром Сулаймонов - 3:2.  Ҷозеф Акомади - 3:2 (тири дарвоза). Денис Беганович - 4:2.  Евгений Гритсенко - 4:2  (дарвозабон)..

«Истиқлол» (Душанбе):  Рустам Ятимов, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Иван Новоселетс, Ромиш Ҷалилов, Денис Беганович, Амадони Камолов (Артур Карташян, 120), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 115), Алишер Ҷалилов (к), Шервони Мабатшоев (Аҳтам Назаров, 55),  Сенин Себай. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Рустам Ятимов («Истиқлол»). 
Корти зард: Амадони Камолоа («Истиқлол»), Эмануэл Маабоах, Муҳаммадҷон Насков, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Абдулфаттоҳ  Худойдодзода («Равшан»).
Корти сурх: Табрез Исломов («Истиқлол»), 53 
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Субҳон Шодиев (Душанбе).
1 ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 12 200  тамошобин.

https://t.me/fcistiklol2007/23315

https://t.me/fcistiklol2007/23325

https://t.me/fcistiklol2007/23335

https://t.me/fcistiklol2007/23345

https://t.me/fcistiklol2007/23355

https://t.me/fcistiklol2007/23365

https://t.me/fcistiklol2007/23375

 

 

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj